Сентябр 16, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи таҳдиди барҷомии Трамп барои моҳи октябр

Раиси ҷумҳурии Амрико бо такрори таҳдидҳо ва иддаоҳои беасос алайҳи Эрон гуфт, дар моҳи октябр сиёсатҳояшро дар қиболи Барномаи иқдоми ҷомеи муштарак (Барҷом) эълом мекунад.

Ба гузориши “Асошейтед пресс”, Доналд Трамп афзуд: “Ба зудӣ, дар моҳи октябр ҳама хоҳанд дид дар бораи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон чӣ хоҳам кард”.

Вай бори дигар бо муттаҳам кардани Эрон ба нақзи Барҷом, ин тавофуқи байналмилалиро аз бадтарин тавофуқҳо хонд ва муддаӣ шуд, Барҷом тавофуқи мунсифона набуд ва набояд анҷом мешуд.

Иддаои Трамп дар бораи нақзи Барҷом дар Эрон дар ҳоле аст, ки вай дар ҳар ду давраи санҷиш дар бораи Барҷом, пойбандии Эронро ба ин тавофуқ ба Конгресси Амрико эълом кардааст ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ 31-уми август дар ҷадидтарин гузориши худ боз ҳам пойбандии Эронро ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқи Барҷом таъйид кард.

 

Барчасп