Даромади миллионии пулиси Биритониё аз роҳи омӯзиши нерӯҳои режимҳои саркӯбгар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i23121-Даромади_миллионии_пулиси_Биритониё_аз_роҳи_омӯзиши_нерӯҳои_режимҳои_саркӯбгар
Пулиси Биритониё, аз роҳи омӯзиши нерӯҳои пулиси режимҳои саркӯбгар дар Ховари Миёна аз ҷумла Арабистони Саудӣ, миллионҳо пунд даромад касб мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 16, 2017 17:11 Asia/Dushanbe
  • Даромади миллионии пулиси Биритониё аз роҳи омӯзиши нерӯҳои режимҳои саркӯбгар

Пулиси Биритониё, аз роҳи омӯзиши нерӯҳои пулиси режимҳои саркӯбгар дар Ховари Миёна аз ҷумла Арабистони Саудӣ, миллионҳо пунд даромад касб мекунад.

Ба гузориши рӯзномаи “Гардаин”, Донишкадаи пулиси Биритониё, аз соли 2012 таъсис шуд ва бо омӯзиш ба нерӯҳои пулис дар 23 кишвар беш аз 3/3 миллион пунд даромад доштааст.

Эмилей Торенберри, Вазири умури хориҷа дар сояи Биритониё, давлатро ба тавофуқоти тиҷорӣ, бидуни дар назар гирифтани ҳуқуқи башар муттаҳам кард.

Бар асоси ин гузориш, вазорати кишвари Арабистони Саудӣ бузургтарин муштарии омӯзишҳои ин донишкада аст ва шаш соли гузашта, дар баробари 815 рӯз омӯзиши неруӯҳои пулис беш аз 2 / 1 миллион пунд ба Донишкадаи пулиси Биритониё пардохтааст.

Ин гузориш дар шароите мунташир мешавад, ки ба гузориши созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, неруҳои пулиси Арабистон рафтори ғайриинсонӣ ва хушунатбор бо фаъолони сиёсӣ доранд.