Вокунишҳо ба суханронии Трамп дар Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Wed, 20 Sep 2017 06:53:56 GMT )
Сентябр 20, 2017 11:53 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба суханронии Трамп дар Созмони Милали Муттаҳид

Изҳороти сахиф (бешармона)-и рӯзи сешанбеи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар нишасти Маҷмааи умумии Созмони Милал бо вокуниши шахсиятҳо ва мақомоти сиёсии ҷаҳон рӯбарӯ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Николас Бернс, муовини вазири умури хориҷаи пешини Амрико, суханони Трампро иғроқомез ва лаффозии маҳз тавсиф кард.

Ҷон Кирби, сухангӯи пешини вазорати хориҷаи Амрико ҳам суханронии раисиҷумҳури кишварашро мояи шармсорӣ тавсиф кард ва гуфт, Трамп ба ҷои ҳамкорӣ ва эҳтироми дуҷониба аз даргирӣ ва мунозиа сӯҳбат мекунад.

Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, низ дар Маҷмааи умумии Созмони Милал, аз байн бурдани тавофуқи ҳастаиро иштибоҳе бузург ва амале ғайри масъулона хонд.

Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла ҳам Трампро «Гитлери ҷадид» дар сиёсати байналмилалӣ тавсиф кард ва Карл Билд, нахуствазир ва вазири умури хориҷаа пешини Шветсия ҳам бо эъломи ҳимояти кишвараш аз БАРҶОМ, суханронии Трампро нодуруст хонд.

Бен Родос, мушовири Барак Обама-раисиҷумҳури пешини Амрико ҳам дар “твитти” интиқодӣ бо ишора бо изҳороти хасмонаи Трамп алайҳи Эрон навишт, Трамп, муттаҳидонамонро комилан аз Амрико бегона кард.

Танҳо нахуствазири режими саҳюнистӣ дақоиқе пас аз суханронии Трамп, дар изҳори назаре мутамаллиқона дар “Твиттер”-и худ, суханронии раис ҷумҳурии Амрикоро «шуҷоона ва сареҳ» тавсиф кард.

Трамп дар аввалин ҳузураш ба унвони раисиҷумҳури Амрико дар Маҷмааи умумии Созмони милал, бо лаҳне комилан ғайримаъмул ва ғайрдиплмотӣ, ба шиддат бар зидди Эрон, Кореяи Шимолӣ, Сурия, Венесуэла, Куба ва шуморе дигар аз кишварҳои ҷаҳон мавзеъ гирифт.