Июл 17, 2016 19:02 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи аршади ДИИШ дар Афғонистон кушта шуд

Гузоришҳо баёнгари он аст ки як фармондеҳи аршади гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи Афғонистон кушта шудааст.

Ба иттилои манобеи Афғонистон, дар ду ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон 23 диишӣ кушта шудаанд.

Ба гузориши "Пресс ТВ", дафтари матбуотии полиси вилояти Нангарҳор дар баёнияе эълом кард, ин ҳамалот шанбешаб дар манотиқи Кут ва Нозиён анҷом шудааст.

Бар асоси ин баёния, яке аз фармондеҳони аршади ин гурӯҳи террористӣ дар миёни 15 нафаре ҳаст, ки дар Нозиён кушта шудаанд.

Полиси Нангарҳор афзуд, дар ин амалиёт мавозеъ ва таҷҳизоти мутааллиқ ба ДИИШ низ мунҳадим шудааст.

Гуфтанӣ аст, Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон як ҳафта пеш ба Нангарҳор сафар кард ва ваъда дод, ки гурӯҳи террористии ДИИШ -ро дар ин кишвар решакан кунад.

Террористҳои ДИИШ 22 хурдод ба мақарри полис дар минтақаи Деҳи боло, дар вилояти Нангарҳор ҳамла карданд.

Дар ин ҳамла раиси полиси минтақа ба ҳамроҳи 4 афсари дигар ҷон бохтанд.

Пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳоли ҳозир дар вилояти Нангарҳор қарор дорад ки бо Покистон ҳаммарз аст.

Гуфта мешавад, ки ДИИШ қасд дорад дар навоҳии кӯҳистонии вилояти Нангарҳор як пойгоҳи амалиётӣ таъсис диҳад.

Барчасп