Октябр 07, 2017 18:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости Комиссияи Аврупо барои пойбандии ҳамаи тарафҳо ба тавофуқи БАРҶОМ

Комиссияи Аврупо бо таъкид бар муассир будани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ ), аз ҳамаи тарафҳои ин тавофуқ хост ба мафоди он, пойбанд боқӣ бимонанд.

Ба гузориши хабаргузории “Райтерз”, Комиссияи Аврупо дар баёнияе эълом кард, Комиссияи Аврупо бисёр бо диққат ва аз наздик ҳамаи таҳаввулоти марбут ба тавофуқи ҳастаии Эронро думбол мекунад ва ёдовар мешавад, ки ин тавофуқ, марбут ба манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ аст, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал онро таъйид кардааст.

Комиссияи Аврупо ҳамчунин таъкид кард, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ токунун ҳашт бор пойбандии Эронро ба тавофуқи ҳастаӣ, мавриди таъйид қарор додааст.

Ин баёнияи Комиссияи Аврупо пас аз суханони шаби гузаштаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бино бар пойбанд набудани Эрон ба БАРҶОМ, мунташир шудааст.

Давлати Трамп бояд 15 октябр (23 меҳрмоҳ) гузориши ҷадиди худро дар бораи пойбандии Эрон ба БАРҶОМ ба Конгресс ироа кунад.

Дар сурате, ки раисиҷумҳури Амрико пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаиро таъйид накунад, Конгресси Амрико 60 рӯз фурсат дорад, то дар бораи эъмоли муҷаддади таҳримҳои Эрон тасмим бигирад.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 мавсум ба БАРҶОМ, аз январи 2016 иҷроӣ шудааст; Аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад.

 

Барчасп