Октябр 09, 2017 13:14 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши дабирхонаи Комиссияи интихоботи Афғонистон ба изҳороти Ҳикматёр

Раиси дабирхонаи Комиссияи интихоботи Афғонистон ба изҳороти ахири раиси Ҳизби исломии ин кишвар дар бора интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Гулбиддин Ҳикматёр ахиран аз мардуми Афғонистон хоста буд, дар интихоботи баъдӣ ба афроди фосид раъй надиҳанд.

Ҳикматёр гуфта буд, агар муҷоҳидин муттаҳид шаванд ҳукумати оянда ва раисиҷумҳури Афғонистонро Ҳизби исломӣ таъйин хоҳад кард.

Имом Муҳаммад Варимоч, раиси дабирхонаи Комиссияи интихоботи Афғонистон дар вокуниш ба ин изҳороти Гулбиддин Ҳикматёр гуфт, Ҳизби исломӣ кушиш мекунад, то худро қавӣ ва дигар ҳизбҳоро заиф нишон диҳад ва барои ҷалби таваҷҷуҳ бештар чунин изҳоротеро матраҳ мекунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон низ интихоботро раванди миллӣ донист ва гуфт, интихобот дар гарави шахси хоссе нест.

Раҳбари Ҳизби исломӣ ду моҳ қабл низ дар нишасти хабарӣ эълом карда буд, ин ҳизб дар интихоби раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон нақши барҷастае дорад ва касе раисиҷумҳур хоҳад шуд, ки Ҳизби исломӣ бихоҳад.

 

Барчасп