Трамп омили афзоиши сарват барои сарватмандони амрикоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24728-Трамп_омили_афзоиши_сарват_барои_сарватмандони_амрикоӣ
Нашрияи амрикоии “Форбес” гузориш дод, арзиши дороии сарватмандони амрикоӣ аз замоне, ки Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико баргузида шуд, афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 18, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Трамп омили афзоиши сарват барои сарватмандони амрикоӣ

Нашрияи амрикоии “Форбес” гузориш дод, арзиши дороии сарватмандони амрикоӣ аз замоне, ки Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико баргузида шуд, афзоиш ёфтааст.

Нашрияи “Форбес” иллати ин амрро ҳимояти Трамп аз сарватмандон ва тоҷирони ин кишвар ва сиёсатҳои молиётии давлати ҷумҳурихоҳи вай эълом кард.

Афзоиши дороии сарватмандони амрикоӣ дар шароите аст, ки Ӣрамп рӯзи сешанбе дар ҳисоби корбарии Твиттери худ аз демократҳои ин кишвар интиқод кард ва ҳадафи ин ҳизбро сирфан афзоиши молиёт ва коршиканӣ донист.

Демократҳо қасд доранд молиёт бар даромади сарватмандони амрикаиро афзоиш диҳанд, ки бо вокуниши шадиди ҷумҳурихоҳон рӯбарӯ шудааст.

Дар садри 400 сарватманди америкаӣ Бил Гейтс, раиси ширкати нармафзории “Майкрософт” қарор дорад, ки сарваташ бо ҳашт миллиард доллар афзоиш дар соли 2017, ба 81 миллиард доллар расидааст.

Бар асоси рутбабандии “Форбес”, сарвати Ҷефф Безос, мудири ширкати диҷитолии “Амазон” низ бо 14 миллиарду 500 миллион доллар афзоиш, ба 67 миллиард доллар расидааст.