Август 17, 2016 12:43 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти аҷиби додситони кулли Туркия барои Фатҳуллоҳ Гулен

Додситони кулли Туркия пешниҳоди муҷозоти ҳабси абад ба ҳамроҳи ҳазору 900 соли ҳабси изофа барои Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари ҷунбиши Ҳизматро додааст.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, ахиран як кайфархости ду ҳазору 500 саҳифаӣ дар иртибот бо парвандаи муҷримонае, ки моҳи сентябри гузашта алайҳи Гулен ба ҷарён афтод, назди додгоҳи кайфарии олии Туркия сабт шудааст.

Гулен бар асоси ин кайфархост, ки додситонҳои минтақаи Осака дар ғарби Туркия онро тайид кардаанд, ба талош барои аз байн бурдани назми асосӣ бо истифода аз зӯр ва ташкил ва мудирияти як гурӯҳи террористии мусаллаҳ ва бархе иттиҳомҳои дигар муттаҳам шудааст.

Анкара аз Амрико тақозо кардааст, то Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари ҷунбиши Ҳизмат сокини ин кишварро ба Туркия баргардонад.  

Гулен иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи худ дар иртибот бо созмондеҳии кудатаро рад кардааст.

Аз замони кудатои нофарҷоми 15-и июл дар Туркия, ки мунҷар ба кушта шудани ҳудуди 260 тан шуд, токунун тақрйбан 26 ҳазор нафар дар иртибот бо ин кудато боздошт ва ҳазорон корманди дастгоҳҳои давлатӣ аз кор бар канор шудаанд.

 

Барчасп