Беваи сафеди ДИИШ қасд дошт маликаи Англияро террор кунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24863-Беваи_сафеди_ДИИШ_қасд_дошт_маликаи_Англияро_террор_кунад
Салли Ҷонс, зани англисӣ, ки пеш аз ин ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваст ва ба Беваи сафед шуҳрат ёфт, пеш аз ин як бор талош карда буд, маликаи Англияро террор кунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 23, 2017 19:09 Asia/Dushanbe
  • Беваи сафеди ДИИШ қасд дошт маликаи Англияро террор кунад

Салли Ҷонс, зани англисӣ, ки пеш аз ин ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайваст ва ба Беваи сафед шуҳрат ёфт, пеш аз ин як бор талош карда буд, маликаи Англияро террор кунад.

Ба нақл аз Исно, як нашрияи англисӣ гузориш дод, вай қасд дошт, ин корро дар ҳафтодумин солгарди ҷашнҳои машҳур ба “Рӯзи пирӯзӣ бар Ҷопон” ва бо истифода аз сарошпази як питзафурӯшӣ анҷом диҳад .

Бино ба гузориши рӯзномаи Дейли Майл, Салли Ҷонс ин фардро тавҷеҳ карда буд, то бо як бомбгузорӣ ба сабки бомбгузорие, ки қаблан дар мусобиқоти дави марафони Бостони Амрико анҷом шуд, маликаи Англияро террор кунад .

Ин мард ифшо кардааст: Беваи сафед таҷҳизоти сохти бомб барои ӯ фиристода ва гуфтааст, ӯро бо дигар хоҳарони ҷиҳодӣ дар Британия муртабит хоҳад кард .

Ӯ ба ин сарошпази собиқ гуфт: Қарор аст, як бомби зудпазӣ бисозад, ки мушобеҳи ҳамон бомби зудпазест, ки дар дави марафони Бостони Амрико истифода шуд .  

Салли Ҷонс пеш аз ин ба ҳамроҳи писари 12 солаи худ ба Сурия сафар карда буд, то ба гурӯҳи террористии ДИИШ бипайвандад, аммо дар моҳи июн дар як ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шуд .

Гумон бурда мешавад, ки писари ӯ низ дар ин ҳамла кушта шуда бошад, чун модараш маъмулан аз ӯ ба унвони сипари инсонӣ истифода мекард .