Шинг Ҷингпинг ҳамтарози Мао Зедун шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24930-Шинг_Ҷингпинг_ҳамтарози_Мао_Зедун_шуд
Ном ва идеологияи Шинг Ҷингпинг, раисҷумҳур ва раҳбари Ҳизби коммунисти ҳокими ҷумҳурии халқи Чин ба унвони намоди қудрат дар Қонуни асосии ин кишвар ворид шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 25, 2017 18:52 Asia/Dushanbe
  • Шинг Ҷингпинг ҳамтарози Мао Зедун шуд

Ном ва идеологияи Шинг Ҷингпинг, раисҷумҳур ва раҳбари Ҳизби коммунисти ҳокими ҷумҳурии халқи Чин ба унвони намоди қудрат дар Қонуни асосии ин кишвар ворид шуд.

Ба нақл аз шабакаи BBC, бо афзуда шудани номи Шинг Ҷингпинг ва ақоидаш ба Қонуни асосии Чин, вай дар тарози фарде монанди Мао Зедун, бунёнгузори системаи сиёсии ҳоким ва Ден Сяопин касе, ки дарҳои иқтисоди Чинро гушуд, қарор гирифтааст бо ин тафовут, ки ҳатто номи Ден низ то замоне, ки зинда буд, ба Қонуни асосии Чин афзуда нашуд .

Бар асоси ин иқдом, агар фарде қасди ба чолиш кашондани Шинг Ҷингпингро дошта бошад, яъне Ҳизби ҳокими коммунистро таҳдид кардааст .

Нуздаҳумин Конгресси Ҳизби коммунисти Чин ҳафтаи пеш бо ҳузури ду ҳазору 300 намояндаи ин ҳизб ва суханронии се соатаи Шинг Ҷингпинг оғоз шуд ва сешанбе шаб бо интихоби аъзои ҷадиди кумитаи марказии ҳизб ва Комиссияи марказии бозрасӣ ба поён расид .

Дар ин Конгресс, Шинг Ҷингпинг, раисҷумҳури Чин дуввумин бор дабири кулли Ҳизби коммунисти ин кишвар шуд .