Октябр 28, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Гуруҳи Толибон садҳо хона дар шимоли Афғонистонро ба оташ кашид

Ба гузориши хабаргузории Ово , Саидасадуллоҳи Дониш- узви шӯрои вилоятии Сарипули Афғонистон гуфт: Толибон бо тасарруфи дубораи минтақаи роҳбурдии Мирзоавланг дар шаҳристони Сайёд, 500 хонаи бидуни аҳолиро оташ заданд.

Қабл аз тасарруфи ин минтақа тавассути Толибон , садҳо нафар аз мардуми Мирзоавланг бо тарки хонаву кошонаи худ, ба манотиқи амн гурехта буданд.

 Ҳудуди ду моҳ пеш дар ҳамлаи Толибон ба ин минтақа, даҳҳо нафар аз шиъаён, шомили кӯдакону занон ба тарзи фоҷеъаборе қатли ом шуданд.