Октябр 30, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Бемори равонӣ, лақаби Трамп дар Кореяи Шимолӣ

Кореяи Шимолӣ бо пахши эъломияҳое дар осмони Кореяи Ҷанубӣ, раисҷумҳури Амрикоро омили таниш дар минтақаи шибҳҷазираи Корея ва бемори равонӣ номид.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, гуфта мешавад, ин эъломия дар посух ба тавҳини Трамп ба Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ мунташир шудааст, чанде пеш Трамп дар Маҷмаи умумии Созмони милал Ким Ҷонг Унро марди мушакӣ хитоб карда буд .

Танишҳо миёни Амрикову Кореяи Шимолӣ бо рӯйкарди ҷангталабонаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико беш аз пеш шиддат ёфтааст .