Худдории Роберт Мугабе аз эъломи истеъфо
Ба думболи эъломи канорагирии Роберт Мугабе, раисиҷумҳури Зимбабве аз қудрат, вай аз эъломи истеъфо худдорӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, Роберт Мугабе, ки интизор мерафт пас аз 37 сол истеъфои худро дар нутқи телевизионии якшанбешаб эълом кунад, суханонашро бидуни эъломи канорагирӣ аз қудрат ба поён бурд.
Манобеи хабарӣ аз Зимбабве рӯзи якшанбе гузориш доданд, Мугабе дар пайи зарбулаҷали артиш ва мухолифон, аз раёсатҷумҳурии ин кишвар канор рафт.
Артиши Зимбабве рӯзи чаҳоршанбе 15 ноябр бо эъломи ин, ки Мугабе, раисиҷумҳури Зимбабве ва хонаводааш дар боздошти хонагӣ ҳастанд, ӯро аз қудрат барканор кард.
Ин иқдоми артиши Зимбабве пас аз он сурат гирифт, ки Роберт Мугабеи 93 сола бо ҳадафи ҷонишин кардани ҳамсараш Грейс Мугабе, Эммерсон Мнангагва, муовини худро дар ҳизби ҳокими “Zanu-Pf” канор гузошт.