Ноябр 22, 2017 15:08 Asia/Dushanbe
  • Путин: 98 дарсади сарзамини Сурия дар ихтиёри артиши ин кишвар аст

Раисиҷумҳури Русия эълом кард, 98 дарсад арозии Сурия, таҳти тасаллути неруҳои мусаллаҳи давлатии ин кишвар қарор дорад ва пирӯзии комил бар террористҳо наздик аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Владимир Путин дар дидори Милош Земан, раисиҷумҳури Чехия дар шаҳри бандарии Сочи, афзуд, конунҳои террористӣ ҳанӯз дар бархе нуқоти Сурия вуҷуд дорад, аммо бо зарботи кӯбандаи неруи ҳавофазоии Русия ва артиши Сурия ва муттаҳидони он, террористҳо аз байн мераванд.

Раисиҷумҳури Чехия ҳам бо ишора ба пирӯзии ҳукумати Сурия бар террористҳо гуфт, Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ба ин пирӯзӣ даст ёфт ва вай раисиҷумҳури мунтахаб ва демократӣ аст.

Дар идома Путин бо ишора ба барномаи сафари раисиҷумҳури Чехия ва дидори вай аз шаҳри Екатеренбург, маркази бузурги санъатии Русия дар минтақа Урал, ибрози умедворӣ кард, ҳамкориҳои ду кишвар густариш ёбад.