Тасвиби қатъномаи муқобила бо қочоқи инсон дар Шӯрои амнияти СММ
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қатъномае, мубориза бо қочоқи инсонро дар саросари ҷаҳон хостор шуд.
Ба гузориши “Франс 24”, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба иттифоқи оро ба қатъномае барои мубориза бо қочоқи инсон раъй дод.
Дар ин қатънома аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хоста шудааст, барои муқобила бо қочоқи инсон қавонини ҷадиде вазъ кунанд.
Ин қатънома пас аз он тасвиб шуд, ки дар расонаҳо гузорише дар мавриди бозори бардафурӯшии муҳоҷирон дар Либия мунташир шуд.
Бархе шабакаҳои телевизионе чанд рӯзи пеш гузорише пахш карданд, ки нишонмедод, муҳоҷирони африқоӣ дар музоидае дар Либия ба қимат 400 доллар хариду фурӯш мешуданд.
Дар пайи пахши ин гузориш, мавҷе аз маҳкумияти байналмилалӣ бар зидди ин ҷинояти инсонӣ эҷод шудааст.