Гузориши Мидел Ист Ой аз ришваи Арабистон ба намояндагони Парлумони Англия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i25977-Гузориши_Мидел_Ист_Ой_аз_ришваи_Арабистон_ба_намояндагони_Парлумони_Англия
Пойгоҳи интернетии нашрияи Мидел Ист Ой дар гузорише ихтисосӣ, аз ифшои парвандаи ришвахории намояндагони Парлумони Англия хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 27, 2017 17:57 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Мидел Ист Ой аз ришваи Арабистон ба намояндагони Парлумони Англия

Пойгоҳи интернетии нашрияи Мидел Ист Ой дар гузорише ихтисосӣ, аз ифшои парвандаи ришвахории намояндагони Парлумони Англия хабар дод.

Мидел Ист Ой навишт: Намояндагони Парлумони Англия дар соли 2017 наздик ба 130 ҳазор доллар аз Арабистони Саудӣ дар қолаби меҳмон‌навозӣ, ҳазинаи иқомат дар ҳотелҳои лукс ва ҳазинаи сафар бо ҳавопаймо дарёфт кардаанд .

Бар асоси ин гузориш, тозатарин рақамҳое, ки идораи сабти манофеи аъзои Парлумони Англия мунташир кардааст, нишон медиҳад, 13 нафар аз намояндагони Ҳизби муҳофизакор аз ҷумла Лео Дочертӣ, раиси бонуфузи андешкадаи англисии Шӯрои муҳофизакори Ховари Миёна имсол дар маҷмуъ беш аз 116 ҳазор доллар аз давлати Саудӣ ришва гирифтаанд .

Лиам Берн, аз намояндагони Ҳизби коргари Англия низ наздик ба 9 ҳазор доллар аз давлати Саудӣ дарёфт карда ва бадин тартиб Риёз маблағе наздик ба 130 ҳазор доллар ба намояндагони Парлумони Парлумони ришва додааст .

Нашрияи Мидел Ист Ой навиштааст, чанд ҳафта пас аз яке аз сафарҳои гурӯҳии намояндагони Парлумони Англия ба Риёз, Лео Дочертӣ ва дигар намояндагони Ҳизби муҳофизакор бо исрор аз давлати Тереса Мей, нахуствазири Англия хостанд, муҷаввизи фурӯши ҷетҳои ҷангандаи Еврофойтер Тайфони ширкати таслеҳотии Би Эй Ӣ Системзро ба Арабистони Саудӣ содир кунад .

Исрори намояндагон сабаб шуд, фаъолони англисӣ мавзуи “Ришва‌гирӣ барои пурсиш”-ро матраҳ кунанд .   

Тибқи ёфтаҳои идораи сабти манофеи аъзои Парлумони Англия, Арабистони Саудӣ аз замони оғози ҷанги Яман дар ибтидои соли 2015, ройзаниҳои худро дар Англия шиддат бахшид ва намояндагони Парлумони Англия аз оғози ҷанги Яман дар марти 2015 токунун беш аз 173 ҳазор доллар аз Арабистон ришва дарёфт кардаанд .