Сарояндаи машҳури англис: Трампро мекушам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i26035-Сарояндаи_машҳури_англис_Трампро_мекушам
Морриссей, сарояндаи машҳури Англия дар ҷадидтарин мусоҳибааш гуфт, ки агар битавонад, ба хотири наҷоти башарият раисҷумҳури Амрикоро мекушад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 28, 2017 15:11 Asia/Dushanbe
  • Сарояндаи машҳури англис: Трампро мекушам

Морриссей, сарояндаи машҳури Англия дар ҷадидтарин мусоҳибааш гуфт, ки агар битавонад, ба хотири наҷоти башарият раисҷумҳури Амрикоро мекушад.

Рӯзномаи “Independent” навишт, Морриссей, сарояндаи машҳури англис дар мусоҳибае, ки бо нашрияи “Шпигел”-и Олмон дошт, аз Доналд Трамп ба унвони таҳдид барои амнияти башар ёд кард. Морриссей дар посух ба суоли хабарнигори “Шпигел”, ки пурсида буд, «агар тугмае бошад, ки бо фишор доданаш Доналд Трамп бимирад, онро фишор медиҳед, ё на?», гуфтааст, ба хотири ҳифзи амнияти инсонҳо он тугмаро фишор медиҳад. Ожонси иттилооти марказии СРУ эълом кардааст, аз суханони Морриссей хабар дорад, аммо ин созмон аз ҳар гуна изҳори назар дар мавриди он ё эҳтимоли ташкили парванда алайҳи ин хонанда худдорӣ кардааст.

Стивен Патрик Морриссей яке аз навоварони саҳнаи мусиқии мустақил шинохта мешавад. Ин сароянда ва таронанависи 58-сола дар тӯли зиндагии ҳунарии худ ҷанҷолҳои расонаии зиёдеро ба хотири назароте, ки маъмулан содиқона ва дар ҳукми «сози мухолиф» будаанд, эҷод кардааст.