Ноябр 29, 2017 16:57 Asia/Dushanbe

Раҳбари Кореяи Шимолӣ пас аз озмоиши мушаки баллистики Hwasong-15 эълом кард, дигар як кишвари ҳастаӣ шудааст.

Ким Ҷонг Ун бомдоди чаҳоршанбе пас аз назорат бар шиллики мушаки баллистики қоррапаймои ҷадид гуфт: “Акнун мо ба ҳадафи торихии бузурги худамон барои табдил шудан ба як кишвари ҳастаӣ расидаем”.

Кореяи Шимолӣ мегӯяд, ин мушак қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаии сангинро дорад.

Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ин иқдоми Кореяи Шимолиро маҳкум карданд .

Ситоди муштараки артиши Кореяи Ҷанубӣ аз озмоиши як фарванд мушаки баллистики ҷадид дар Кореяи Шимолӣ хабар дод .

Кореяи Шимолӣ борҳо ҳушдор додааст, то поёни таҳдидҳо ва сиёсатҳои тавсеаталабона ва таҷовузоти Амрико алайҳи Пхенян, ин кишвар ба озмоишҳои мушакӣ ҳамчунон идома медиҳад .