Декабр 03, 2017 21:00 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи Амрико аз Паймони муҳоҷиратии СММ

Давлати Амрико эълом кард, ин кишвар аз Паймони ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид барои беҳбуди мудирияти байналмилалии муҳоҷирон ва паноҳандагон хориҷ хоҳад шуд.

Ин тасмими ҷадидтарин намунае аз мухолифатҳои давлати кунунии Амрико бо як паймон байналмилалӣ, он ҳам дар хусуси мавзӯи муқобила бо паёмадҳои манфии муҳоҷират дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ҳайати намояндагии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид муддаӣ шудааст, паймоне, ки дар соли 2016 ба тасвиби 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид расид, манофеи Амрико ва сиёсатҳои муҳоҷирати давлати ин кишварро таъмин намекунад. Ин паймон, ки Эъломияи Ню-Йорк барои муҳоҷирон ва паноҳҷӯён номида мешавад, кишварҳои имзокунандаро мутааҳҳид месозад, ки ҳуқуқи паноҳҷӯёнро риоят, маҳалли иқоматро фароҳам ва дастрасии онон ба таҳсилоту шуғлро тазмин кунанд. Муқаррароти Эъломияи Ню-Йорк бо сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии давлати Доналд Трамп мухолифат дорад ва ба ҳамин далел Кохи Сафед дар идомаи хурӯҷ аз паймонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ин тавофуқи ҷамъии муҳоҷиратӣ низ хориҷ шудааст. Пеш аз ин Амрико хурӯҷи худро аз мушорикати «транс – пасифик», Паймони иқлимии Париж ва ЮНЕСКО эълом карда буд. Акнун навбат ба мавзӯи муҳоҷират ва паноҳҷӯён расидааст, то давлати Трамп ба ҷанги он биравад. Пеш аз он низ Трамп бо судури фаромини иҷроии мутааддид ва лағви бархе аз барномаҳои ҳимоятӣ муҳоҷирони ғайриқонунӣ, паноҳҷӯён ва ҳатто мутақозиёни дарёфти раводид аз Амрикоро таҳти фишор қарор дода буд. Хурӯҷ аз Эъломияи Ню-Йорк низ ҷанбаи байналмилалии зиддияти давлати Трамп бо мавзӯи муҳоҷират ва паноҳҷӯӣ аст.

Албатта, ҳайати намояндагии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид муддаӣ шудааст, ки ин кишвар ҳамчунон ба ҳимоятҳои худ аз паноҳҷӯён ва мутақозиёни муҳоҷират идома хоҳад дод. Бо ин ҳол, рӯйкарди қариб яксолаи ахири Кохи Сафед нишон медиҳад, ки Амрико дигар тамоил надорад, ба унвони кишвари дӯстори муҳоҷирин шинохта шавад. Дар ҳоле ки ин кишвар ба дасти муҳоҷирон ва ҳатто паноҳҷӯён сохта шудааст, ки барои зиндагии беҳтар, ранҷи сафар ва дурӣ аз сарзамини модариашонро ба ҷон хариданд ва сахтиҳои зиёдеро дар Амрико мутаҳаммил шуданд. Аз диди миллигароёни амрикоӣ, ки Трамп ононро намояндагӣ мекунад, муҳоҷирону паноҳҷӯён  сарбор ва дардисарсоз ҳастанд, ки набояд иҷоза дошта бошанд, ба роҳатӣ вориди хоки Амрико шаванд. Дар айни ҳол, ростгароёни амрикоӣ аз ин ки тасмимгирандаи мабоҳисе чун сиёсатҳои муҳоҷиратӣ дар ихтиёри ниҳодҳои байналмилалӣ бошад, хурсанд нестанд. Аз диди онон, манфаити Амрико дар авлавият қарор дорад, ҳар гоҳ тааҳҳудоти байналмилалие дар мухолифат бо манфиати Амрико қарор гирад, Вашингтон бояд дар кӯтоҳтарин замони мумкин аз паймонҳои байналмилалӣ хориҷ шавад; ҳатто агар дар ин миён сарнавишти ҳазорон овора, муҳоҷир ва паноҳҷӯи рондашуда аз ҷангу қаҳтӣ низ ба хатар афтад. Дар пеш гирифтани чунин рӯйкарди зиддимуҳоҷиратии давлати Амрико аз сӯйи дигар кишварҳои ҷаҳон зиндагии душвори кунунӣ барои оворагонро беш аз пеш душвор месозад.

 

Барчасп