Декабр 06, 2017 21:23 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати ҷаҳонӣ бо интиқоли сафорати Амрико ба Қудс

Бисёре аз сиёсатмадорон, созмонҳо ва давлатҳо мухолифати худро бо интиқоли сафорати Амрико дар режими Исроил аз Тел-Авив ба Қудс эълом кардаанд.

Антонио Гутеррес, дабири кулли Созмони милал ҳушдор дод, ҳаргуна иқдоми якҷониба дар интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас метавонад боиси тазъифи роҳи ҳалли ташкили кишвари мустақили фаластинӣ шавад .

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди аврупо низ дар дидори Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико дар Брюссел гуфт, ҳаргуна иқдоми Амрико дар интиқоли сафорати ин кишвар ба Байтулмуқаддас ва ба расмият шинохтани ин шаҳр ба унвони пойтахти режими Исроил, хатарнок хоҳад буд ва метавонад боиси амиқтар шудани даргириҳои Ховари Миёна шавад .

Иттиҳодияи Араб, Алазҳари Миср, Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса, бисёре аз сиёсатмадорони амрикоӣ аз ҷумла сенатор Берни Сандерс, сафири Фаластин дар Англия, Вазорати хориҷаи Сурия, сухангуи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), кумитаи иҷроии Созмони озодибахши Фаластин, вазирони умури хориҷаи Италия, Британия, Шветсия ва Олмон, подшоҳи Мағриб, Вазорати умури хориҷаи Миср ва бисёре аз масъулону мақомҳои кишварҳо ва созмонҳо низ бо интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас мухолифат кардаанд .

Кохи Сафед ба дунболи интиқодҳои байналмилалӣ эълом кард, Трамп ҳануз ба натиҷае дар бораи интиқоли сафорати Амрико ба Қудс нарасидааст .

Сарони режими саҳюнистӣ низ борҳо аз кишварҳое, ки бо ин режими дорои муносибот ҳастанд, хостаанд, сафорати худро аз Тел-Авив ба Қудси ишғолӣ мунтақил кунанд, аммо ин кишварҳо аз бими вокуниши афкори умумӣ, токунун аз ин иқдом имтиноъ кардаанд .