Январ 10, 2018 20:37 Asia/Dushanbe
  • Лағви қонуни амал ба аҳкоми исломӣ дар Юнон

Парлумони Юнон қонуни амал ба шариати исломиро дар умури издивоҷ, талоқ ва ирси ақаллияти мусулмони ин кишвар лағв кард.

 Бо ин иқдоми Парлумони Юнон мусулмонон маҷбуранд, дар масоиле монанди издивоҷ, талоқ, нигаҳдории кӯдак ва ирс ба додгоҳҳое муроҷиа кунанд, ки бар асоси аҳкоми исломӣ ҳукм содир намекунанд.

Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон, мусаввабаи ҷадиди парлумонро иқдоме таърихӣ бо ҳадафи яксон будани ҳамаи юнониҳо дар баробари қонун донист.

Сипрас айни ҳол аз эҳтироми давлатш ба вижагиҳои ихтисосии ақаллияти мусулмони ин кишвар сухан гуфт.

Юнон танҳо кишвари аврупоӣ буд, ки додгоҳҳои ихтисосӣ барои ақаллиятм 120 ҳазор нафарми мусулмононм шимолм шарқм ин кишвар дар умурм издивоҷ, талоқ ва монандм он дошт.