Ашраф Ғанӣ: Мехоҳем муҳоҷирони афғон бозгарданд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28629-Ашраф_Ғанӣ_Мехоҳем_муҳоҷирони_афғон_бозгарданд
Раисҷумҳури Афғонистон бар идомаи талошҳо барои бозгашти муҳоҷирини афғон ба кишварашон таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 17, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Мехоҳем муҳоҷирони афғон бозгарданд

Раисҷумҳури Афғонистон бар идомаи талошҳо барои бозгашти муҳоҷирини афғон ба кишварашон таъкид кард.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар “Нишасти миллии машваратии сулҳ” дар Кобул гуфт: Афғонистон беш аз чаҳор миллион муҳоҷир дар хориҷи кишвар дораду бидуни бозгашти онҳо Афғонистон комил нахоҳад шуд .

Вай афзуд: Афғонистон мусаммам аст, муҳоҷирони афғон ба кишвар бозгарданд, аммо барои бозгашти онҳо замону имконот лозим аст, ки давлат дар ҳоли ҳозир онро дар ихтиёр надорад .

Аз чаҳор даҳаи пеш бо ишғоли Афғонистон аз сӯи нерӯҳои Шӯравӣ ва ҳамчунин ишғоли низомиёни амрикоӣ аз соли 2011, миллионҳо нафар аз Афғонистон овора шуданд .

Ашраф Ғанӣ ҳамчунин гуфт: Бархе кишварҳо ба террористҳо паноҳ додаанду бархе ҳам аз онҳо ба шеваҳои мухталиф ҳимоят мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар ин робита тасмими возеҳу равшане бигирад .

Раисҷумҳури Афғонистон дар айни ҳол гуфт, барои гуфтугӯ бо давлати Покистон ба манзури ҳалли ихтилофот омодагӣ дорад .