Январ 17, 2018 22:17 Asia/Dushanbe
  • Давлати Трамп ба дунболи боздошти шаҳрдорони паноҳҷупазир

Вазорати додгустарии Амрико машғули баррасии тарҳе барои ворид кардани иттиҳоми кайфарӣ ба он даста аз мақомоти маҳаллӣ ва иёлотист, ки паноҳҷуёнро мепазиранд.

Ҳафтаномаи Ниюзвик навишт: Мақомоти Вазорати додгустарии Амрико муддаӣ ҳастанд, иҷрои сиёсатҳои пазириши паноҳҷуён монеъ аз ҳамкории дастгоҳи қазоӣ бо мақомоти идораи муҳоҷирати Амрико мешавад .

Кристин Нилсен, вазири амнияти дохилии Амрико ин хабарро дар ҷаласаи истимои яке аз кумитаҳои Сенат дар бораи фаъолиятҳои ин вазоратхона эълом кард .

Ҳомиёни муҳоҷират таъкид доранд, ворид кардани иттиҳом алайҳи мақомоти маҳаллӣ ва иёлотӣ ба далели ҳамкорӣ накардан бо мақомоти муҳоҷирати федерал, ғайриқонунӣ ва нақзкунандаи Қонуни асосии Амрико аст .

Иқдоми Вазорати додгустарии Амрико тозатарин нишонаи шиддат ёфтани кашмакаши Трампу масъулони маҳаллӣ дар ин кишвар бар сари сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии ӯст .

 

Барчасп