Русия: Кӯтаҳбиниҳои Амрико Ховари миёнаро ба хоку хун кашидааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i2878-Русия_Кӯтаҳбиниҳои_Амрико_Ховари_миёнаро_ба_хоку_хун_кашидааст
Намояндаи Русия дар умури демократия ва ҳуқуқи башар эълом кард, бо сиёсатҳои кӯтаҳбинона ва бисёр насанҷидаи бархе кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико, имрӯз Ховари миёна шоҳиди муноқишаҳои хунин аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 24, 2016 12:13 Asia/Dushanbe
  • Русия: Кӯтаҳбиниҳои Амрико Ховари миёнаро ба хоку хун кашидааст

Намояндаи Русия дар умури демократия ва ҳуқуқи башар эълом кард, бо сиёсатҳои кӯтаҳбинона ва бисёр насанҷидаи бархе кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико, имрӯз Ховари миёна шоҳиди муноқишаҳои хунин аст.

 Ба гузориши ИРНА, Константин Долгов дар мусоҳибаи матбуотӣ дар Маскав гуфт, муноқишаҳои Ховари миёна, ки бо сиёсатҳои ғарбӣ ва раҳбарии Амрико эҷод шудааст ва идома дорад, на фақат мусулмонон, балки масеҳиёнро низ қурбон кардааст.

Намояндаи томулихтиёри Вазорати хориҷаи Русия дар умури демократия ва ҳуқуқ башар таъкид кард: "Акнун бар асари сиёсатҳои нодурусти Ғарб, як миллион нафар аз шумори ҷамъияти масеҳиёни Сурия, ки қарнҳо дар ин кишвар сукунат доштаанд, коста шудааст, аммо ғарбиҳо тарҷеҳ медиҳанд ин воқеиятҳоро нодида бигиранд".
 
 Долгов афзуд, сиёсатҳои судури арзишҳои демократии на чандон идеали Ғарб ва Амрико сабаби эҷоди раванди ғайриқобили контроли авзоъ дар Ховари миёна ва шаклгирии марказҳои таниш дар Сурия, Либия, Ироқ ва Яман шудааст.