Назари манфии бештари амрикоиҳо ба суханронии солонаи раисҷумҳур
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29307-Назари_манфии_бештари_амрикоиҳо_ба_суханронии_солонаи_раисҷумҳур
Натиҷаи ҷадидтарин назарсанҷӣ нишон медиҳад, бештари амрикоиҳо ба суханронии солонаи раисҷумҳури ин кишвар назари манфӣ доранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 31, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
  • Назари манфии бештари амрикоиҳо ба суханронии солонаи раисҷумҳур

Натиҷаи ҷадидтарин назарсанҷӣ нишон медиҳад, бештари амрикоиҳо ба суханронии солонаи раисҷумҳури ин кишвар назари манфӣ доранд.

Назарсанҷии Си Эн Эн нишон медиҳад, 52 дарсади мардуми Амрико таъсири суханронии солонаи Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишварро манфӣ медонанд ва танҳо 48 дарсад аз мардум, таъсири онро мусбат эълом кардаанд .

45 дарсади ширкаткунандагон муътақиданд, Трамп дар суханони худ кӯчактарин таваҷҷуҳе ба муҳимтарин масоили дохилии Амрико накардааст .

Ин дар ҳолест, ки 57 дарсади мардуми Амрико аз нахустин суханронии солонаи Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико дар соли 2010 изҳори ризоят карда буданд .

Назарсанҷии Си Эн Эн сиюми январи 2018 миёни 549 нафар аз мардуми анҷом шудааст .

Трамп дар нутқи солонаи худ ба масоили сиёсати хориҷӣ аз ҷумла мавзуи Кореяи Шимолӣ, ҷанг бо ДИИШ дар як соли гузашта ва низ эътирозоти ахир дар Эрон ишора карду як бори дигар аз зарурати бознигарӣ дар тавофуқи ҳастаӣ сухан гуфт .