Вокуниши тунди Тереза Май ба твитти Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29591-Вокуниши_тунди_Тереза_Май_ба_твитти_Трамп
Твитти раисҷумҳури Амрико дар бораи вазъи хадамоти дармони умумии Британия, ба ҷадале миёни ду кишвар мунҷар шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2018 14:42 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши тунди Тереза Май ба твитти Трамп

Твитти раисҷумҳури Амрико дар бораи вазъи хадамоти дармони умумии Британия, ба ҷадале миёни ду кишвар мунҷар шудааст.

Ба нақл аз Ой Ниюз, Тереза Май нахуствазири Британия баъд аз онки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар саҳифаи твиттерии худ низоми хадамоти дармонии умумии Британияро нокоромаду шикастхурда номид, гуфт, ба ин системаи дармонӣ ифтихор мекунаду ин хадамот барои дуввумин бор ба унвони эмантарин ва комилтарин системаи ҷаҳон шинохта шудааст .

Ҷереми Ҳонт, вазири беҳдошти Британия низ дар вокуниш ба изҳороти Трамп гуфтааст, ифтихор мекунад, дар кишвараш ҳама бидуни дар назар гирифтани ҳисоби бонкиашон аз хадамоти дармонӣ бархурдоранд .

Гуфта мешавад, ин сухани Ҳонт, кинояе ба нокоромадии низоми хадамоти дармонии Амрико ба вижа дар давлати Трамп аст .

Трамп сешанбе дар твиттери худ навишта буд, мардуми Британия дар эътироз ба шароити номуносиби беҳдошту дармон дар кишварашон ба хиёбонҳо омаданд, чун системаи дармонии Британия шикастхурда  аст ва дигар кор намекунад.

Ҳазорон муътариз ба хусусисозии беҳдошту дармон дар Британия шанбе дар Лондон тазоҳурот карданд .