Дидори раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ бо хоҳари раҳбари Кореяи шимолӣ
(last modified Sat, 10 Feb 2018 08:24:53 GMT )
Феврал 10, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ бо хоҳари раҳбари Кореяи шимолӣ

Раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар ҳоле бо хоҳари раҳбари Кореяи шимолӣ дидор карда, ки умедвориҳо нисбат ба пешрафтҳои маънодор дар заминаи ҳаллу фасли таниш дар нимҷазираи Корея афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Райтер, Мун Ҷое Ин-раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ имрӯз шанбе бо хоҳари раҳбари Кореяи шимолӣ дидор кардааст.

Ин дар шароите аст, ки ду тараф умедворанд ширкати мақомҳои баландпояи Кореяи шимолӣ дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпиадаи зимистонӣ сабаби пешрафт дар заминаи ҳаллу фасли таниш дар минтақа шавад; танише ки ба иллати барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи шимолӣ ва размоишҳои муштараки Амрико ва Кореяи ҷанубӣ  шиддат ёфтааст.

Мун Ҷое Ин мизбони Ким Йу Ҷонг- хоҳари кучаки раҳбари Кореяи шимолӣ дар Кохи раёсати ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ будааст.

Ким Йу Ҷонги 30 сола хоҳари кучаки раҳбари Кореяи шимолӣ ва аз дастёрони наздики вай аст, ки барои ширкат дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпиадаи зимистонии Кореяи ҷанубӣ ба ҳамроҳи корвони варзишии кишвараш рӯзи ҷумъа вориди Кореяи ҷанубӣ шуд.

Тасвири даст додани вай бо раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар ҳоле, ки каме онтарафтар Майк Пенс- муовини раиси ҷумҳурии Амрико ба гунае сокит ва ором нишаста буд, дар расонаҳо ва интернет  хабарсоз шудааст.

Ин аввалин сафари яке аз афроди хонаводаи раҳбари Кореяи шимолӣ ба Кореяи ҷанубӣ аз замони поёни ҷанги Корея дар даҳаи 1950 аст.

Тамоюли раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ барои ҳамкорӣ бо Кореяи шимолӣ бархилофи хости Амрико будааст.

Бархе коршиносон ва таҳлилгарон бар ин боваранд, ки таҳримҳои сахти Созмони миллал, ки сабаби қатъи манбаъҳои молии Кореяи шимолӣ шудааст, фишори шадидеро бар Пхинянг ворид кардааст, то ҳамкории бештаре бо Сеул дошта бошад.

Кореяи шимолӣ соли гузашта бузургтарин озмоиши ҳастаии худро анҷом дод ва эълом кард мушакеро тавлид кардааст, ки қодир ба ҳамли кулоҳаки атомӣ буда ва метавонад хоки Амрикоро ҳадаф қарор диҳад.