Тадобири ҷадид барои пешгирӣ аз вуруди паноҳҷӯён ба Урупо
(last modified Mon, 18 Jul 2016 10:30:22 GMT )
Июл 18, 2016 15:30 Asia/Dushanbe
  • Тадобири ҷадид барои пешгирӣ аз вуруди паноҳҷӯён ба Урупо

Ҳукумати Сербия барои ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳҷӯён ба дохили ин кишвар нерӯи муштараки артиш ва пулис ташкил кард.

Ҳукумати Сербия дирӯз дар ҷаласаи худ тасмими ташкили нерӯи муштараки артишу пулисро барои ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳҷӯёни ғайриқонунӣ ба дохили ин кишвар тасвиб кард.

Александр Вулин, вазири кору умури иҷтимоӣ ва масъули расидагӣ ба умури паноҳҷӯён дар Сербия дар ин бора гуфт, вазоифи нерӯи муштараки артиш ва пулиси Сербия ҷилавгирӣ аз вуруди ғайриқонунии паноҳҷӯён тавассути марзи муштарак бо Булғористон, Мақдуния ва ҳамчунин дастгир кардани қочоқчиёни инсон аст, ки кори ғайриқонунии интиқоли афродро дар Сербия анҷом медиҳанд. Александр Вулин афзуд, Белград хоҳони роҳҳали яксон ва муштарак барои буҳрони паноҳҷӯён аст ва дар сурате ки роҳҳали воҳиде барои ин масъала вуҷуд надошта бошад, Белград дар чаҳорчӯби манофеи худ амал мекунад.

Александр Вучич, нахуствазири Сербия низ рӯзи шанбе гуфт, Сербия наметавонад истгоҳи касоне бошад, ки аз Афғонистону Покистон меоянд ва ҳеҷ фарди дигаре дар Урупо хоҳони пазириши онҳо нест. Вучич афзуд, Сербия бояд аз манофеи миллии худ ҳифозат кунад, аммо ба паноҷӯёне, ки аз Сербия дархости паноҳандагӣ мекунанд, кӯмак хоҳад шуд.

Эмилия Боксич, раиси дафтари умури марбут ба паноҳҷӯён дар Вазорати умури дохилии Сербия низ ҳафтаи гузашта бо ишора ба ин ки дар ҳоли ҳозир дар нуқоти мухталифи ин кишвар маҷмӯан ҳудуди 3 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ вуҷуд дорад ва рӯзона фақат ҳудуди 30 нафар марзҳои Сербияро тарк мекунанд, гуфт, бастани марзҳои Балкан мӯҷиби афзоиши вуруди ғайриқонунии муҳоҷирон бо кӯмаки қочоқчиён ба Сербия шудааст.

Иқдомоти Белград барои эъзоми нерӯ ба марзҳояш баъд аз он анҷом шуд, ки Маҷористон гаштҳои марзии худро афзоиш дода, шуморе аз паноҳҷӯёнеро, ки аз Сербия ба Булғористон меомаданд, ба Сербия баргардонд. Нерӯҳои пулиси Словакия ва Мақдуния низ эълом карданд, дар ростои мубориза бо вуруди ғайриқонунии паноҳҷӯён ба дохили марзҳои ин кишвар бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд. Сухангӯи пулиси Словакия ҳафтаи гузашта эълом кард, ки нерӯҳои пулиси ин кишвар дар гаштзанӣ ва назорат ба марзҳои Мақдуния бо Скопие ҳамкорӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ, пулиси Словакия вазоифи худро бо юниформ ва таҷҳизоти ин кишвар анҷом медиҳанд. Ин масъул афзуд, ки маъмурияти нерӯҳои Словакия дар чорчӯби қавонини Мақдуния ва дар ҳузури нерӯҳои пулиси ин кишвар сурат мегирад.

Ин иқдомот дар ҳолест, ки Кумиссиюни Урупо низ ҳафтаи гузашта муқарраротеро барои мамониат аз тараддуди паноҳҷӯён дар ҳавзаи Шенген тасвиб кард. Бинобар тасмими Кумиссиюни Иттиҳоди Урупо, адами ҳамкории паноҳҷӯён бо мақомҳои кишварҳои мизбон ё вуруд ба кишварҳои дигари урупоӣ бидуни касби муҷаввиз бо муҷозот, аз ҷумла радди дархости паноҳандагӣ ҳамроҳ хоҳад буд. Кумиссиюни Урупо ҳамчунин эълом кардааст, тарҳи дигареро мубтанӣ бар ин ки агар кишварҳои хориҷ аз Иттиҳоди Урупо мизбонии шуморе аз паноҳҷӯён дар иттиҳодияро бипазиранд, ба ивази ҳар паноҳҷӯ 10 ҳазор евро аз сӯйи Кумиссиюни Урупо дарёфт мекунанд, омода кардааст. Тарҳҳои Кумиссиюни Урупо барои иҷро шудан бояд ба тасвиби парлумони Урупо ва кишварҳои узви иттиҳод бирасанд. Ба гуфтаи мақомоти Иттиҳоди Урупо, муқаррароти ҷадид бо ҳадафи эҷоди низоми ҳамоҳанг барои расидагӣ ба дархости паноҳандагон дар саросари Урупо вазъ шудааст.

Ҳуҷуми паноҳҷӯён аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо ба Иттиҳоди Урупо ба буҳроне барои аъзои ин иттиҳод табдил шудааст. Бинобар гузоришҳо, беш аз як миллиону 400 ҳазор паноҳҷӯ, ки бештари онҳо афғон ё сурӣ ҳастанд, дар соли 2015 дар натиҷаи ноамниҳое, ки ҳосили сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Ғарб дар ин кишварҳост, овора ба кишварҳои урупоӣ шудаанд.