Либия - мақсади ҷадиди ДИИШ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30109-Либия_мақсади_ҷадиди_ДИИШ
Яке аз аъзои собиқи ДИИШ эълом кард, мақсади ҷадиди ин гурӯҳи террористӣ, Либия аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 17, 2018 13:16 Asia/Dushanbe
  • Либия -  мақсади ҷадиди ДИИШ

Яке аз аъзои собиқи ДИИШ эълом кард, мақсади ҷадиди ин гурӯҳи террористӣ, Либия аст.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Sky News”, Абу Сафар мулаққаб ба “раиси пулис” дар шаҳри Раққаи Сурия дар суханоне гуфт, Либия акнун гузаргоҳи террористҳои ДИИШ ба Аврупо аст.

Ӯ ҳамчунин тасреҳ кард, ДИИШ бондҳои зиёде дар Либия дорад.

Ин узви собиқи ДИИШ ҳамчунин дар бораи ҷузъиёти ҷанги Раққа гуфт, ба тамоми раҳбарони ДИИШ қабл аз оғози ҷанг дастур дода шуд, ки шаҳрро тарк кунанд ва бо неруҳои хориҷӣ, ҷойгузин шаванд.

Бо вуҷуде, ки ДИИШ бештари манотиқеро, ки дар соли 2014 дар Ироқ ва Сурия ишғол карда буд, аз даст дода; Аммо эътилофи зидди ДИИШ нисбат ба ҳузури ин гурӯҳи террористӣ дар Либия, Афғонистон ва Сомалӣ ҳушдор додааст.