Ҳадияи гаронқиммати валиаҳди Абудабӣ ба ҳамтои саудии худ
Муҳаммад Бен Зоид, валиаҳди Абудабӣ ба Муҳаммад Бен Салмон, ҳамтои саудии худ як қоиқи тафреҳии люкс ҳадия дод.
Ин кор пас аз он сурат гирифт, ки Муҳаммад Салмон ба иллати ҷанҷол бар сари хариди як наққошии гаронқиммати асари Леонардо да Винчи маҷбур шуд, ин наққоширо ба музаи Лувери Абудабӣ таҳвил диҳад.
Бархе манобеъ гуфтанд, ин қоиқи тафреҳӣ, ки дар асл мутааллиқ ба Мансур Бен Зоид, бародари Муҳаммад Бен Зоид, валиаҳди Абудабӣ аст, 450 миллион доллар арзиш дорад.
Тӯли ин қоиқ, ки аз машҳуртарин ва бузургтарин қоиқҳои ҷаҳон бо номи Топаз аст, ба 147 метр мерасад ва дорои 26 утоқ бо гунҷоиши 52 нафар аст.
Ин ҳадия дар муқобили таҳвили наққошии Да Винчи ба музаи Лувери Абудабӣ сурат гирифт.
Бен Салмон ин наққоширо дар декабр ба маблағи 450 миллион доллар харидорӣ карда буд, аммо ба иллати ҷанҷоли рӯзномаи Ню-Йорк Таймс маҷбур шуд, онро таҳвили музаи Абудабӣ диҳад.