Феврал 27, 2018 12:19 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Бангладеш бо бозгашти иҷбории руҳингиёиҳо ба Миёнмор

Вазири умури хориҷаи Бангладеш бо бозгашти иҷбории мусалмонони Руҳингиё ба Миёнмор мухолифат кард.

Ба гузориши ИРНА, Абулҳасан Маҳмуд Алӣ рӯзи душанбе гуфт, Бангладеш бидуни ризоияти оворагон иқдом ба бозгардонидани онҳо ба Миёнмор нахоҳад кард.

Ин мақоми баландпояи Бангладеш аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба фишорҳои худ бар давлати Миёнмор идома диҳад.

Вай гуфт, Миёнмор бояд ба раванди бозгашти мусалмонони Руҳингиё ба иёлати Рохин бо ҳифзи эҳтиром ва иззати онҳо мутааҳҳид ва содиқ бошад.

Вазири умури хориҷаи Бангладеш афзуд, Миёнмор бояд ба гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ иҷозаи вуруд ба иёлати Рохинро бидиҳад ва бозгашти амни кӯдакони руҳингиёиро таъмин кунад.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда ҳудуди 58 дарсад аз мусалмонони Руҳингиё, ки дар урдугоҳҳои муҳоҷирон дар минтақаи Коксбозори Бангладеш ҷой дода шудаанд, кӯдакони зери 18 сол ҳастанд.

Ҳамакнун беш аз 900 ҳазор мусалмони руҳингиёӣ, ки аз хушунати буддоиёни ифротӣ ва нерӯҳои артиши Миёнмор гурехтаанд, дар урдугоҳҳои муҳоҷирон дар минтақаи Коксбозори Бангладеш ҳузур доранд.