Вайрон шудани мағозаҳои мусалмонон дар Шри-Ланка
Март 01, 2018 08:07 Asia/Dushanbe
Манобеи хабарии Шри-Ланка аз вайрон шудани мағозаҳои мусалмонон дар ин кишвар ба дасти буддоиёни ифротӣ хабар доданд.
Торнамои рӯзномаи “Коломбо Пейҷ”-и Шри-Ланка рӯзи чаҳоршанбе навишт, буддоиёни ифротӣ дар шаҳри Ампара, дар шарқи Шри-Ланка бо мусалмонон даргир шуданд ва мағозаҳои ононро оташ заданд.
Дар даргириҳо байни мусалмонон ва буддоиёни ифротӣ дастикам панҷ нафар аз мусалмонон низ захмӣ шуданд ва як масҷид ҳам хисорат дидааст.
Пас аз ин воқеа полиси Шри-Ланка тадобири амниятиро дар шаҳри Ампара иҷро кард.
Мусалмонон ҳудуд 10 дарсад аз ҷамъияти 21 миллионнафарии Шри-Ланкаро ташкил медиҳанд.