Сунамии истеъфо ва ихроҷ дар Кохи Сафед
(last modified Sat, 03 Mar 2018 15:46:37 GMT )
Март 03, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Сунамии истеъфо ва ихроҷ дар Кохи Сафед

Як рӯзномаи амрикоӣ дар гузорише навишт, 37 мақоми давлатӣ дар як соли нахусти раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ихроҷ ва ё истеъфо доданд.

Рӯзномаи амрикоии “Washington Post”, даргузорши таҳлилӣ дар бораи сериали истеъфоҳо ва ё ихроҷҳо дар давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико навишт, мақомҳои ҷудо шуда аз Трамп тайи як соли гузашта ба се шакл аз Кохи Сафед хориҷ шудаанд, ё ихроҷ шудаанд ё таҳти фишор маҷбӯр ба канорагирӣ шуда ва ё ба майли худ Кохи Сафедро тарк карданд.

“Washington Post” афзуд, бархе аз ин афрод ба хотири масоили нажодпарастӣ ихроҷ шуданд.

Бо гузашти каме беш аз як сол аз оғоз бакори раёсатҷумҳурии Трамп дар Амрико, раванди истеъфоҳо ва ихроҷҳо дар давлати ӯ шитоб гирифтааст.

Ба таври миёнгин ҳар 20 рӯз, як мақоми давлати Трамп канор меравад.

Доналд Трамп бо баргузории маросими таҳлиф (Савгандёд) дар 20 январи 2017, расман кори худро ба унвони раисҷмҳури Амрико шурӯъ кард.