Март 04, 2018 14:31 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки режими саҳюнистӣ ва Амрико

Артиши режими саҳюнистӣ аз рӯзи якшанбе размоишеро бо мушорикати артиши Амрико дар сарзаминҳои ишғолӣ шуруъ кардааст.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, манобеъи саҳюнистӣ эълом карданд Амрико бо 2500 низомӣ дар канори 2000 низомии саҳюнист  дар ин размоиши муштарак мушорикат доранд.

Ин размоиш, ки чаҳор рӯз ба тул хоҳад анҷомид бузургтарин размоиши муштараки Амрико ва режими саҳюнистӣ дар соли 2018 ба шумор меравад.

Ин размоиш монандсозии ҷанге тамомаёр (комил) аст, ки дар ҷараёни он Исроил аз ҳамаи ҷабҳаҳо дар маърази ҳамлаҳои мушакӣ қарор мегирад.

Ба дунболи густриши ҳамкориҳои низомӣ бо Амрико аз тариқи мановрҳои низомӣ, Бенямин Натанияҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ низ шанбешаб барои дидор ва гуфтугӯ бо Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико роҳии Вашингтон шуд.

Давлати Амрико бо равишҳои мухталиф аз ҷумла ҳимоятҳои молӣ ва баргузории размоиши муштарак бо режими саҳюнистӣ дар пайи руҳиядодан ба ин режими шикастхурда аст.

 

Барчасп