Август 28, 2016 16:52 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ироқ аз Арабистон барои тағйири сафираш дар Бағдод

Вазорати умури хориҷаи Ироқ дар номаи расмие аз Арабистон хост, ки сафири худро дар Бағдод тағйир диҳад.

Ба гузориши пойгоҳи ироқии "Шафақ-нюс", Вазорати умури хориҷаи Ироқ рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, тайи номае аз Арабистон дархост кардааст, шахси дигареро ба ҷойи Сомир Сабҳан, сафири кунунии ин кишвар дар Бағдод баргузинад.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Ироқ омадааст, Сабҳан на фақат қавонини дипломатиро риоят намекунад, балки дар умури дохилии Ироқ низ дахолат дорад ва ин амр ба ҳеҷ ваҷҳ барои давлат ва миллати Ироқ қобили қабул нест.

Пештар шумори зиёде аз шахсият‎ҳо ва аҳзоби Ироқ зимни интиқод аз дахолат‎ҳои Сомир Сабҳан, сафири Арабистон дар Ироқ дар умури дохилӣ ва низомии ин кишвар, ихроҷи вайро аз кишваршон хостор шуда буданд.

Ироқиҳо сафири Арабистон дар Бағдодро ба унвони робити Арабистон бо гурӯҳи террористии ДИИШ медонанд.

 Ҳимоятҳои Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Лубнон ва робитаи Оли Сауд бо режеми саҳюнистӣ низ бар касе пӯшида нест.