Март 09, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Даргириҳои шадид дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

Мақомоти вилояти Тахори Афғонистон, ки ҳамарз бо Тоҷикистон аст, аз вуқӯи даргириҳои шадиди нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, Суннатуллоҳ Темур, волии Тахор гуфтааст, шаби гузашта беш аз 100 нафар аз аъзои гурӯҳи Толибон ба теъдоде аз постгоҳҳои низомӣ ва интизомӣ дар минтақаи Хоҷағор, марзи Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамла карданд. Ин ҳамла ҳудудан 35 кушта ва захмӣ дар байни нерӯҳои давлатӣ бар ҷой гузошт ва гуфта мешавад, аъзои гурӯҳи Толибон низ талафот додаанд. Суннатуллоҳ Темур афзудааст, нерӯҳои давлатӣ дар идомаи набард бо Толибон муваффақ ба бозпасгирии постгоҳҳо шудаанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони Толибон муддаӣ шудаанд, бахши зиёде аз ноҳияи Хоҷағор дар контроли онҳост. Аммо манобеи мустақил сиҳҳати ин хабарро таъйид накардаанд.

Ба дунболи истиқрори густурдаи гурӯҳҳои террористӣ – такфирии Толибон, “Алқоида” ва ДИИШ дар шимоли Афғонистон ва наздикии марзҳои ин кишвар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ин минтақа ҳамвора хабарсоз будааст. Мақомот ва манобеи хабарии Афғонистону Русия Амрико ва НАТО-ро дар истиқрори гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ дар шимоли Афғонистон муқассир медонанд.