Март 10, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: Ҷанги Афғонистон таҳмилӣ аст

Раисиҷумҳури Афғонистон, ҷанг ва даргирии кунунӣ дар ин кишварро таҳмил шуда аз хориҷ, донист.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, рӯзи ҷумъа дар маросими ташкили ягони вижаи неруҳои амнияти миллии Афғонистон дар Кобул гуфт, Афғонистон дар баробари ҷанги таҳмилшуда аз хориҷ, қарор дорад.

Раисиҷумҳури Афғонистон зимни таъкид бар мубориза бо террористҳо то нобудии онҳо афзуд, неруҳои иттилоотӣ ва амниятӣ бояд қавӣ бошанд, то монеи иҷрои амалиёти террористӣ шаванд.

Дар ҷадидтарин ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон, дирӯз (ҷумъа) бар асари инфиҷори террористӣ дар ғарби Кобул (пойтахти Афғонистон), ёздаҳ ғайри низомии афғон кушта ва бист нафари дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда гирифт.

 

Барчасп