Ватикан барои кашишҳо давраи ҷингирӣ баргузор мекунад
Ватикан қасд дорад, як давраи фишурдаи якҳафтаиро барои кашишҳои католик ба унвони ҳунари ҷингирӣ, мутолиа ва тафаккур дар бораи шайтонпарастӣ баргузор кунад.
Ба гузориши хабаргузории TPI-и Италия, ин давраи омӯзишии фишурда дар моҳи апрели имсол дар Донишгоҳи Реҷина Апостолоруми вобаста ба калисои католикӣ дар шаҳри Рим баргузор мешавад. Ҳадаф аз ин давраи омӯзишӣ таълими кашишҳое аст, ки битавонанд маросими ҷингириро анҷом диҳанд ва бо шайтонпарастӣ муқобила кунанд. Амали ҷингирӣ ба кашишҳое вогузар мешавад, ки дорои таодули равонӣ ва рӯҳи бошанд.
Ватикан, мақарри калисои католикӣ мегӯяд, ки барои посухгӯӣ ба тақозои рӯзафзуни падидаи ҷинзадагӣ дар Италия тасмим ба ташкилу роҳандозии ин давра кардааст. Бенинио Палила, ҷингир ва кишиши италияӣ низ гуфт, дар ин давраи омӯзишӣ тафовути ҷинзадагии шайтонӣ бо мушкилоти муртабит ба бемориҳои равонӣ мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор хоҳад гирифт.
Ҷингирӣ як амали ба расмият шинохташуда дар қавонини калисои католикӣ аст ва танҳо метавонад бо доштан муҷаввизе, ки усқуф фақат дар дохили калисо содир мекунад, сурат бигирад. Гуфта мешавад, тақозо барои ҷингирӣ дар Италия дар солҳои ахир се баробар шудааст ва Ватикан солона 500 ҳазор дархости ҷингирӣ дарёфт мекунад.