Пирӯзии бесобиқаи Путин дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия
Пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар рӯзи якшанбеи 18 –уми март, комиссияи интихоботи Русия эълом кард, мизони ширкат дар ин интихобот беш аз 67 дарсад будааст.
Ҳамчунин шумориши 97 дарсади раъй ҳикоят аз он дорад, ки Владимир Путин 76,6 дарсади ороро ба худ ихтисос додааст.
Беш аз 52 миллион нафар аз шаҳрвандони Русия дар интихоботи кунунӣ ба Путин раъй додаанд, ки ин беҳтарин натиҷа дар тӯли корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии Путин ва беҳтарин натиҷа дар таърихи Русия пас аз фурӯпошии Шӯравӣ аст.
Ҳарчанд аз қабл ҳам пешбинӣ мешуд, ки Путин пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия бо раъйи ҳудуди 70 дарсадӣ бошад, бо ин ҳол натиҷаи ин интихобот барои Путин ҳатто аз пешбиниҳои қаблӣ низ фаротар рафт.
Далелҳое барои ин рӯйдод вуҷуд дорад. Нахуст ин ки Путин аз соли 2000-ум, ки ба унвони раиси ҷумҳурии Русия рӯйи кор омад, талоши ҳамаҷонибаеро барои бозсозии ин кишвари паҳновар, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ба унвони ҷонишини он дар арсаи ҷаҳонӣ зоҳир шуда буд, оғоз кард. Дар воқеъ Путин аз вижагиҳои фардӣ, шахсиятӣ, рафторӣ ва амалгароӣ бархурдор аст, ки вайро ба муваффақиятҳои зиёде дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ расондааст.
Дар даҳаи 1990-и мелодӣ Русия баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва дар давраи зимомдории Борис Елтсин бо мушкилоти зиёди дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ буд, аммо Путин ба унвони як раиси ҷумҳурии иқтидоргаро муваффақ ба сарусомон додан ба вазъи нобасомони Русия шуд. Вай муваффақ ба барқарории суботи сиёсӣ ва амният ва поёни ҳарҷу марҷ дар Русия шуд, ки барои мардуми ин кишвар бисёр муҳим аст.
Афзоиши баҳои нафт дар даҳаи аввали қарни 21 низ аз далелҳои муҳими бозсозии иқтисоди Русия ва аз паси он бозсозӣ ва иртиқои қудрати низомии ин кишвар буд.
Дар айни ҳол Путин дар чорчӯби авруосиёгароӣ бо тарвиҷи миллигароии русӣ, дар арсаи хориҷӣ низ талош кард то вазн ва ҷойгоҳеро ки қаблан Шӯравӣ аз он бархурдор буд, барои Русия ба даст оварад.
Сиёсатҳо ва иқдомоти Путин ҳеҷ гоҳ ба завқи ғарбиҳо, ба вижа амрикоиҳо хуш наомадааст. Путин ба муқобила бо иқдомоти султагаронаи Ғарб пардохтааст, ки далели равшани он рӯёрӯӣ бо НАТО дар шарқи Аврупо пас аз буҳрони Украина ва муқобила бо Ғарб, ба вижа Амрико дар арсаи Сурия бо ҳузури низомии пурранг дар ин кишвари ҷангзада аст.
Бо ин ҳол Русия бо чолишҳои бузурги дохилӣ ва хориҷӣ низ рӯбарӯ аст. Муҳимтарин чолиши дохилии Русия фасод ва нокоромадии низоми бюрократӣ аст, бинобар ин эҳтимолан Путин бо тағйири Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ва бархе дигар аз мақомоти аршад, барои ҳалли муассири ин мушкили дерина талош хоҳад кард.
Путин дар мавриди тағйирот дар давлати Русия гуфт:”Тағйирот дар давлат пас аз маросими савгандёдкунӣ шуруъ мешавад ва дар ин маврид фикр мекунам”.
Вай ҳамчунин дар мавриди тағйироти асосӣ дар сохтори ҳукумати Русия хотирнишон кард, “ба чунин тағйирот ва ислоҳот фикр намекунам”.
Ҳамчунин дар арсаи сиёсати хориҷӣ низ Путин бештар ба самти Шарқ гароиш хоҳад ёфт.
Ба таври куллӣ, дар давраи ҷадиди раёсати ҷумҳурии Путин дар умури амниятӣ, сиёсати хориҷӣ ва дифоии Русия тағйире эҷод намешавад ва мутобиқ бо рӯйкардҳои мавриди таъкид дар асноди болодастии Русия, равандҳои кунунӣ идома хоҳад ёфт.
Путин бо таъкид бар барқарори равобити яксон бо дигар кишварҳо гуфт: “Мехоҳем умедвор бошем, ки равобит дар қарни бистуякум бар асоси яксон барқарор хоҳад шуд”.
Бо ин ҳол пешбинӣ мешавад, рӯёрӯии Русия бо Ғарб, ба вижа Амрико раванди рӯ ба афзоишро дошта бошад ва танишҳо миёни Маскав ва Вашингтон боло гирад.