Афзоиши талафоти ҳамлаи террористӣ дар Кобул
Бар асари ҳамлаи террористӣ дар наздики “Зиёратгоҳи Сахӣ”, дар ҳошияи маросими ҷашни Наврӯз дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон дастикам 29 нафар кушта шуданд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ваҳид Маҷрӯҳ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, бар асари ин ҳамлаи террористӣ 52 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли бархе аз маҷрӯҳон низ вахим гузориш шудааст.
Пештар шумори куштаҳо бист нафар ва шумори маҷрӯҳон сӣ нафар эълом шуда буд.
Омили инфиҷори рӯзи чаҳоршанбе бо ҳамроҳ доштани маводи тарканда дар ҳангоми бозрасӣ худро дар байни ҷамъият мунфаҷир кард.
Гуфта мешавад, ин фард қасд дошт ин амалиёти террористиро дар дохили “Зиёратгоҳи Сахӣ”, дар манотиқи “Кортаи Сахӣ” -и шаҳри Кобул ва дар байни ҷамъият анҷом бидиҳад.
Ин ҳамлаи террористӣ дар ҷоддаи Донишгоҳи Кобул, дар масири мардуме, ки ба сӯи “Зиёратгоҳи Сахӣ” барои ҷашни Наврӯз мерафтанд, рӯй дод ва гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифт.