Март 30, 2018 20:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии Саидҳасани Насруллоҳ бо хонаводаи доғдори эронӣ

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар паёме ба хонаводаи эронӣ, ки дар паи ҳодисаи суқут ба дарё дар Бейрут доғдор шуданд, тасалият гуфт.

Ба нақл аз Алъолам, Саидҳасани Насруллоҳ дар дастнавиштае, ба ин хонаводаи эронӣ таслият гуфт ва барои онҳо сабру таҳаммули ин мусибатро аз Худованд масъалат кард.

Мишел Авн, раисҷумҳури Лубнон низ дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эрониаш, ҷон бохтани се тан аз ҳамватанонамонро таслият гуфта буд.

Якшанбеи гузашта шаш тан аз ҳамватанони гардишгари эронӣ, ки ба соҳили сахраии Бейрут дар минтақаи Равиша рафта буданд, бар асари бархурди мавҷи сангини дарё ба дохили об афтоданд, ки дар паи он се тан аз онҳо ҷон бохтанд ва се тани дигар ҳам масдум шуданд.