Апрел 04, 2018 11:33 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ дар наздикии марзи Афғонистон ва Тоҷикистон нерӯ ҷазб мекунад

Узви Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия дар умури дифоъ ва амният, аз ҷазби нерӯҳои Толибон ва мардум ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ дар наздикии марзҳои шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Русия ал-Явм”, Алексей Кондратов дар конфронси видеоии “Дидгоҳи Маскав ва Деҳлӣ дар бораи амнияти минтақа” аз суръати ҷазби нерӯи ДИИШ дар ин манотиқи марзӣ хабар дод.

Вай муътақид аст, гурӯҳи террористии ДИИШ талош мекунад, ки нерӯҳои вобаста ба ҷунбиши Толибонро аз вилоятҳои ҷануби Афғонистон ихроҷ кунад ва ё аъзои ин ҷунбиш бо пайвастан ба ДИИШ, ба шимоли ин кишвар мунтақил шаванд.

Ба гуфтаи вай, ДИИШ бо контроли роҳҳои иртиботӣ миёни Афғонистон ва Покистон дар баландиҳои Хайбар бо вилоятҳои шарқи Афғонистон, барномаи таҷҳизи нерӯҳои худ дар дохили ин кишвар бо силоҳ, муҳиммот ва маводи ғизоиро дар дастури кор дорад.

Дар ин видео- конфронс Ашок Соҷонҳор, раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдӣ ва сафири собиқи Ҳинд дар Шветсия ва Қазоқистон низ афзоиши таҳаррукоти гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли Афғонистонро таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти Осиёи Марказӣ унвон кард.