Апрел 11, 2018 18:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости ЮНИСЕФ барои ҳимоят аз кӯдакони Ғазза

Сандуқи кӯдакони Созмони милал ЮНИСЕФ бо интишори баёнияе ҳимоят аз кӯдакони фаластиниро дар борикаи Ғазза хостор шуд.

Ба нақл аз Ирно, Хайрат Кабаларӣ, мудири минтақаии ЮНИСЕФ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо эълом кард, дар ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба роҳпаймоёни фаластинӣ дар борикаи Ғазза дар 10 рӯзи гузашта се кӯдак кушта ва даҳҳо кӯдаки дигар ба шиддат захмӣ шудаанд.

Ин мақоми ЮНИСЕФ дар баёнияи худ ҳаргуна хушунат алайҳи кӯдаконро маҳкум карда ва афзудааст: Солҳо аст, ки кӯдакони Ғазза дар шароити бисёр баде ба сар мебаранд ва аз ҳар чаҳор кӯдаки ғаззаӣ яке ниёзманди имдоди рӯҳӣ ва иҷтимоӣ аст.

250 ҳазор нафар аз ҷамъияти борикаи Ғаззаро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Мудири минтақаии ЮНИСЕФ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо дар баёнияи худ ҳамчунин эълом кардааст, танҳо 10 дарсади хонаводаҳои борикаи Ғазза ба оби ошомидании солим дастрасӣ доранд.

 

Барчасп