Апрел 21, 2018 21:25 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли Трамп барои дидор бо раисиҷумҳури Русия

Як мақоми Кохи Сафед эалом кард, раисиҷумҳури Амрико ҳамчунон ба дидор бо ҳамтои руси худ, тамоюл дорад.

Хабаргузории “ТАСС” рӯзи ҷумаа ба нақл аз як мақоми огоҳ дар Шӯрои амнияти миллии Амрико гузориш дод, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ҳамчунон хоҳон баргузории дидор ва нишаст бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст.

Ин мақоми Кохи Сафед таакид кард, ки Трамп мутақоид шуда, ки равобити хуб миёни Маскав ва Вашингтон метавонад, посухгӯи манофеи ҳар ду тараф бошад.

Трамп аз ибтидои раёсатҷумҳурии худ, ҳамвора дар бораи беҳбуди равобит бо Маскав сӯҳбат кардааст.

Бо ин ҳол аз оғози давлати Трамп, равобит миёни Маскав ва Вашингтон рӯ ба вахомат гузоштааст.

Дар тӯли як соли гузашта, Амрико бастаҳои таҳримии ҷадид алайҳи Русияро яке пас аз дигарӣ, муаррифӣ кардааст ва ба думболи масмумияти Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус дар Бритониё, ихроҷи густурдаи дипломатҳои русро дар дастури кори худ қарор дод.

Ҳамчунин Амрико дар идомаи иқдомоти зидди русии худ, консулгарии Русияро дар шаҳрҳои Сан-Франсиско ва Сиэтл таатил кард.

Путин ва Трамп танҳо дубор дар ҳошияи нишастҳои байналмилалии муҳим, нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором дар Дунгани Ветнам ва иҷлоси “Гурӯҳи 20” дар Ҳомбурги Олмон бо ҳам дидор доштаанд.

 

Барчасп