Апрел 22, 2018 12:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Чин барои таҷҳизи артиши Афғонистон

Артиши Чин барои таҷҳизи нерӯҳои артиши Афғонистон ба таҷҳизоти низомӣ ва силоҳҳои пешрафта эъломи омодагӣ кард.

Дафтари матбуотии Шӯрои амнияти миллии Афғонистон эълом кард, Ли Зочиг, раиси ситоди муштараки артиши Чин дар дидор бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии раёсатҷумҳурии Афғонистон дар Пекин барои таҷҳизи нерӯҳои артиши ин кишвар бо таҷҳизоти низомӣ ва силоҳҳои пешрафта эъломи омодагӣ кард. Ли Зочиг терроризмро хатари муштарак барои минтақа ва ҷаҳон дониста, бар муборизаи яксон ва мутавозин бо ҳама гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард. Ҳаниф Атмар низ дар ин дидор ҳамкории низомии Чин бо нерӯҳои амниятии Афғонистон ва нақши кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳойро дар мубориза бо терроризм ҳоизи аҳамият донист. Мушовири амнияти миллии раёсатҷумҳурии Афғонистон бар тавсеаи нақши кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар мубориза бо терроризм, таъмини сулҳ ва суботи минтақаӣ таъкид кард.

Дидори мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Афғонистон аз Чин ва гуфтугӯ бо бархе мақомоти ин кишвар дар чорчӯби рӯйкарди Пекин ва Кобул барои тавсеаи муносиботи дуҷониба аст, ки дар солҳои ахир дар дастури кори ҷиддии онон қарор гирифтааст. Афғонистону Чин ҳар як аз даричаи манофеи худ ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба чашм дӯхтаанд ва онон дар масири густариш ва таъмиқи равобит саҳми худро талаб мекунанд. Давлати Афғонистон, ки ба рағми майли ботинӣ бо рақобати қудратҳои бузург дар ин кишвар мувоҷеҳ аст, дар садад баромада, то аз раҳгузари ин рақобат манофеи ҳадди аксари худро таъмин кунад. Давлати Афғонистон ба далели коҳиши кумакҳои молӣ ва низомии Амрико ба он кишвар, ки мулоҳизоти мухталифро дар бар мегирад, талош дорад, аз зарфияти рақибони Вашингтон, аз ҷумла Русия ва Чин барои ҷуброни халои ношӣ аз коҳиши ҳимоятҳои Кохи Сафед, бахусус дар тақвияти сохтори дифоӣ ва амниятии худ истифода кунад. Пекин ва Маскав ҳам бо таваҷҷуҳ ба роҳбурдҳои калони худ ва кумакҳои Амрико ба Афғонистон дар сададанд, аз ин масъала барои тақвияту наздикии муносиботи худ бо Кобул истифода кунанд. Яке аз мавориде, ки дар чорчӯби ниёзи стратегии давлати Афғонистон таъриф мешавад, таъмини ниёзҳои низомӣ ва амниятӣ аст, ки Чин ва Русия барои кумак ба таъмини ин ниёз борҳо рӯ овардаанд.

Дар чунин шароите сафари мушовири амнияти миллии Афғонистон ба Чин ва эъломи омодагии раиси ситоди муштараки артиши ин кишвар барои таъмини таҷҳизоти артиши Афғонистон ба манзури афзоиши нуфузи Пекин дар ин кишвар арзёбӣ шудааст. Илова бар ин давлати Чин талош дорад, бо кумак ба тақвияти ниҳодҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон, аз ҷумла дар бахши муҷаҳҳаз кардани онон ба таҷҳизот ва силоҳҳои пешрафта ва бо кумак ба тавони давлати ин кишвар дар маҳори ноамнӣ нигарониҳои амнияти худро ҳам коҳиш диҳад. Раҳматуллоҳ Бежанпур, коршиноси масоили сиёсӣ дар Кобул мегӯяд, Чин Афғонистонро як фурсат мебинад ва ҷойгоҳи муҳиме барои он дар таомулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, геополотикӣ ва мушорикати фарҳангию иҷтимоӣ дар минтақа қоил аст, аммо вуҷуди буҳрон дар Афғонистон ин масоилро таҳти таъсир қарор додааст. Бо ин ҳол, Чин мехоҳад мустақиман дар Афғонистон таъсиргузор бошад, то аз нигарониҳои худ дар робита ба буҳрони ин кишвар ва таъсироташ бар Чин бикоҳад.

Мақомоти Пекин ин нигарониро доранд, ки ноамнӣ ва терроризм аз хоки Афғонистон, ки бо бахше аз хоки Чин дорои марзи муштарак аст, ба ин кишвар сироят мекунад. Бинобар ин таваҷҷуҳ ва ҳассосияти Пекин ба таҳаввулоти ҷангу сулҳ дар Афғонистон бештар шудааст.

 

Барчасп