Апрел 25, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди нахуствазири муваққати Арманистон барои баргузории интихоботи парлумонӣ

Нахуствазири муваққати Арманистон пешниҳод кард, интихоботи парлумонии ҷадид баргузор шавад.

Ба нақл аз Ройтерз, Карен Карапетян пешниҳод кард, барои поён додан ба буҳрони сиёсӣ, интихоботи парлумонии ҷадид дар ин кишвар баргузор шавад.

Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон низ гуфт, музокира бо аҳзоби мухолифро барои ҳалли буҳрони ду ҳафтаӣ дар ин кишвар оғоз кардааст.

Серж Саркисян 22 апрел аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо кард.