Пентагон хостори ҳамкорӣ бо Покистон дар таъмини амнияти Афғонистон шуд
Вазорати дифои Амрико (Пентагон) хоҳони ҳамкории Покистон барои барқарории амният дар Афғонистон шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Дана Уайт, сухангӯи Пентагон эълом кард, Покистон ва Амрико иштирокоти зиёде доранд, ки метавонанд барои идомаи ҳамкорӣ ва барқарории амният дар Афғонистон ба ин муштаракот, такя кунанд.
Сухангӯи Пентагон бо баёни ин ки Покистон зарфиятҳои зиёде барои маҳори терроризм дар Афғонистон дорад, муддаӣ шуд, Вашингтон дасти худро барои ҳамкорӣ бо Исломобод дароз карда ва мунтазири посухи мусбат аст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” навишт, баназар намерасад, Покистон ҳозир ба ҳамкорӣ бо Амрико бошад, зеро Амрико хостори таҳвил ё дастрасӣ ба яке аз раҳбарони шабакаи Ҳаққонӣ аст, аммо Покистон ин дархостро намепазирад.
Бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико, равобити ин кишвар бо Покистон дучори таниш шудааст.