Май 16, 2018 13:59 Asia/Dushanbe
  • Хандаҳои

Рӯзномаи "Ню-Йорк Дейлӣ Нюз" аз хандаҳои духтари Трамп дар рузе, ки фаластиниён дар Ғазза кушта мешуданд, ибрози таъаҷҷуб ва ҳайрат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Ню-Йорк Дейлӣ Нюз акси руйи саҳифаи аввали худро ба тасвири духтари Трамп дар рӯзи интиқоли Сафорати Амрико ба Қудс ихтисос дод.

Ин рӯзнома навишт: " Ғули майдачаи падар; 55 нафар дар Ғазза кушта шуданд, аммо Иванка дар маросими ифтитоҳи Сафорати Амрико дар Қудс шод буд."

Дар тазоҳуроте дар Ғазза, ки дар солрӯзи ишғоли режими саҳюнистӣ (Рӯзи Никбат) сурат гирифт, ҳудуди 60 нафар ба дасти низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расиданд.

Барчасп