Май 24, 2018 16:11 Asia/Dushanbe
  • Қатли омми ҳиндуҳо дар Миёнмор

Гузориши Созмони Афви Байналмилал нишон медиҳад дар Миёнмор натанҳо ҳазорон мусулмони Руҳингиё, балки ҳиндуҳо низ ба дасти артиши ин кишвар, қатли ом шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, Созмони Афви байналмилал дар гузориши ҷадиди худ эълом кард, ҳамзамон бо саркӯби ҳазороннафар аз мусулмонони рӯҳингиёӣ дар иёлати Рохин (ғарби Миёнмор) артиши Миёнмор, гурӯҳҳои зиёде аз ақаллияти ҳинду низ дар ин кишвар қатли ом шудаанд.

Созмони Афви Байналмилал дар ин гузориш овардааст, мустанадоти зиёде дар бораи куштори ҳиндуҳо ҳамзамон бо куштори мусулмонони Рӯҳингё дар саркӯбҳои 25 агусти 2017 ба дасти артиши Миёнмор дар ихтиёр дорад.

Дар охирин даври куштор ва саркӯби мусулмонони рӯҳингиёӣ ба дасти артиши Миёнмор, ки соли гузашта ба баҳонаи посухгӯӣ ба ҳамлаи шӯришиён Орсо ба 30 истгоҳи пулиси марзӣ анҷом гирифт, ҳазорон рӯҳингиёӣ кушта ва беш аз 700 ҳазор нафар аз онҳо овораи кишвари ҳамсояи Бангладеш шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид артиши Миёнморро омили поксозии нижодӣ дар Миёнмор ва бадтарин артиши ҷаҳон, муаррифӣ кардааст.