Май 27, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби раёсати Сурия бар Конфронси байналмилалии халъи силоҳ

Бо вуҷуди мухолифатҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ Сурия раёсати ин давраи Конфронси байналмилалии халъи силоҳи вобаста ба Созмони Милали Муттаҳидро ба муддати як моҳ бар уҳда хоҳад дошт.

Конфронси байналмилалии халъи силоҳи вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ (28-уми май) ба муддати як моҳ дар Женева баргузор хоҳад шуд. Ин конфронс ба унвони як созмони байналмилалӣ муташаккил аз 65 узв аст, ки бар асоси асли баробарии байни аъзо амал мекунад. Сурия дар ҳоле раёсати Конфронси байналмилалии халъи силоҳро бар уҳда мегирад, ки Амрико талошҳои зиёде кард, то нагузорад, Сурия раёсати ин конфронсро ба уҳда бигирад. Раёсати Сурия бар Конфронси байналмилалии халъи силоҳ муваффақияти дигар дар арсаи байналмилалӣ ва эътимоди ҷаҳонӣ ба низоми Сурия ба раҳбарии Башор Асад аст. Рафтори шаффофи Сурия дар амал ба тааҳҳудоташ дар заминаи ҳамроҳӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масири нобуд кардани маводи кимиёии худ нақши муассире дар рӯйкарди ҷаҳонӣ ба ин кишвар барои супурдани раёсати яке аз муҳимтарин конфронсҳои амниятии байналмилалӣ доштааст.

Давлати Сурия дар чорчӯби Қатъномаи 2118-и Шӯрои амният (27 сентябр 2013) маводи кимиёии худро таҳвили Созмони манъи таслиҳоти кимиёӣ дод ва дар ин замина ҳамкории созанда дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид низ ба ин ҳамкории созанда эътироф кард. Алорағми ҳамкории созандаи Сурия бо маҷомеи байналмилалӣ дар хусуси халъи силоҳ ин кишвар ҳадафи иттиҳомоти беасоси давлатҳои ғарбии ҳомии терроризм мабнӣ бар истифодаи Сурия аз силоҳи кимиёӣ қарор доштааст. Дар ин замина Камол Ҷафо, коршиноси масоили низомӣ ва роҳбурдии сурӣ гуфт, иттиҳомзаниҳо ба давлат ва артиши Сурия бо ду ҳадаф, касби дастовардҳои сиёсӣ ва низомӣ барои террористҳо анҷом шудааст. Дар чунин шароите кишварҳои ҳомии террористҳо, монанди давлатҳои ғарбӣ ва бархе аз давлатҳои арабӣ низ ҳозир ба мутаваққиф кардани ҳимояти ҳамаҷониба аз ин террористҳо нестанд ва амалан онон дастрасии террористҳо ба силоҳҳои кимиёиро осон мекунанд.

Иқдомоти давлатҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони минтақаии онон дар мусаллаҳ кардани террористҳо ба силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва низ дар ихтиёри онон додани таҷҳизоти сохти чунин силоҳҳо нақзи сареҳи паймонҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ аст. Конвенсияҳои байналмилалӣ ҳар гуна тавлиду густариши силоҳҳои куштори ҷамъиро маҳкум мекунад. Бар ин асос Сурия бо ҳушдор дар хусуси иқдомоти фиребкоронаи террористҳо ва давлатҳои ғарбии ҳомии онҳо борҳо аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст, то бо иттихози тадобири ҷиддӣ ва фаврӣ монеи таҷҳизи террористҳо бо силоҳҳои куштори ҷамъӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ шаванд. Ба назар мерасад, гӯшзадҳои мукаррари Сурия дар хусуси мухотироти ҳастаии Ғарб ва режими саҳюнистӣ мӯҷиб шудааст, то ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шунидани ҳушдорҳои Димишқ бо мувофиқат бо раёсати Сурия бар Конфронси байналмилалии халъи силоҳ ин кишварро пайгири умури халъи силоҳ дар арсаи байналмилалӣ кунад. Ба Сурия вогузор шудани раёсати Конфронси байналмилалии халъи силоҳ ҳовии паёми сиёсӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми қонунии ҳоким бар Сурия бо раҳбарии Башор Асад аз машрӯияти болои мардумӣ, ҳамчунин аз мақбулият ва эътибори ҷаҳонӣ бархурдор аст. Давлатҳои ғарбӣ бо иттиҳомзаниҳои беасос ва ҷанҷолҳои таблиғотии худ натавонистаанд хадшае дар мавқеият ва ҷойгоҳи рӯзафзуни байналмилалии Сурия эҷод кунанд.

 

Барчасп